Имрӯз, 12 январ дар Қатар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё оғоз мегардад. Дар мусобиқа 24 мунтахабҳои миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Мусобиқа то 10 феврали соли 2024 идома меёбад. Бозиҳо дар 8 варзишгоҳ, аз ҷумла 6 варзишгоҳи чемпионати ҷаҳон дар соли 2022 дар Қатар баргузор мешаванд. Вохӯриҳо дар 5 шаҳри кишвар- пойтахт Давҳа, Ал-Ҳаур, Лусаил, Ар-Раён ва Ал-Вақр доир мегарданд.
Дар марҳилаи аввал 24 даста ба 6 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 4 даста тақсим шудаанд. Ду дастаи аввал аз гурӯҳҳо ва инчунин аз 6 дастаи зинаи 3-юми гурӯҳҳо 4-тоаш бо холҳои зиёдтар ва натиҷаи беҳтар ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.
Марҳилаи 1/финалӣ ё худ плей-офф рӯзи 28 январ оғоз мешавад.
Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа - Қатар унвони худро дар кишвари худ ҳимоят карда, дар бозии маросими ифтитоҳ бо тими Лубнон бозӣ мекунад. Бозии аввал баъди маросими ифтитоҳ имрӯз, 12 январ дар Варзишгоҳи миллии Лусаил баргузор мешавад.
Қатар ва Лубнон дар гурӯҳи “А” бозӣ карда, Тоҷикистон ва Чин ҳам ба ин гурӯҳ шомиланд. Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии қора ширкат меварзад.
Бозии аввали худро Тоҷикистон рӯзи 13 январ бо тими Чин мегузаронад. Дар даври дуюм рӯзи 17 январ футболбозони тоҷик бо тими мизбони Ҷоми Осиё-2023 - Қатар вомехӯрад. Дар даври сеюми ниҳоии гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22 январ бо дастаи Лубнон рақобат мекунад.
Ҳайати гурӯҳҳои Ҷоми Осиё-2023:
Гурӯҳи “А”: Қатар, Чин, Лубнон ва Тоҷикистон
Гурӯҳи “В”: Австралия, Ӯзбекистон, Сурия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи “С”: Эрон, АМА, Гонконг, Фаластин;
Гурӯҳи “D”: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам;
Гурӯҳи “Е”: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн;
Гурӯҳи “F”: Арабистони Саудӣ, Таиланд, Қирғизистон, Уммон.