Дар Португалия рӯзи 26 январ мавсими мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо оғоз мегардад. Мусобиқаи ниҳоӣ Бозиҳои олимпӣ дар Париж хоҳад буд. Ғайр аз ин, ҷудокорон дар мусобиқаҳои Тоскулоҳи бузург ва Чемпионати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Варзишгарони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (то 73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (то 81 кг), Абӯбакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 100 кг) Тоҷикистонро дар аввалин мусобиқаи мавсим - Гран-прии Португалия, ки аз 26 то 28 январ дар Одивелаш доир мегардад, намояндагӣ мекунанд.
Барои иштирок дар мусобиқа 641 варзишгар (356 мар ва 285 зан) аз 90 кишвари дунё номнавис шудаанд.
Ғолибони мусобиқа бо 3 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра - бо 2 ҳазор евро ва медалҳои биринҷӣ - бо 1 ҳазор евро мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ғайр аз ин, варзишгарон имтиёз ба даст оварда, метавонанд мавқеи худро дар радабандии олимпӣ беҳтар кунанд.
Ҷадвали мусобиқаҳои асосӣ оид ба ҷудо дар соли 2024:
26 - 28 январ. Гран-прии Португалия
2 - 4 феврал. Тоскулоҳи бузург. Париж, Фаронса
16 - 18 феврал. Тоскулоҳи бузург. Боку, Озарбойҷон.
1 - 3 март. Тоскулоҳи бузург. Тошканд, Ӯзбекистон.
8 - 10 март. Гран-прии Австрия. Линтс Австрия.
22 - 24 март. Тоскулоҳи бузург. Тбилиси, Гурҷистон.
29 - 31 март. Тоскулоҳи бузург. Анталия, Туркия.
3 - 5 май. Гран-прии Душанбе. Душанбе, Тоҷикистон.
10 - 12 май. Тоскулоҳи бузург. Алмато, Қазоқистон.
19 - 24 май. Чемпионати ҷаҳон. Абу-Даби, АМА.
28 - 30 июн. Тоскулоҳи бузург. Улан-Батор, Муғулистон.
26 июл - 11 август. Бозиҳои олимпӣ. Париж.