Сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Петр Сегрт, ки таҳти раҳбарии ӯ футболбозони тоҷик ба даври 1/8 финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд, имкони дастаро дар марҳилаи плей-офф арзёбӣ кард.
“Мо ба финал баромада метавонем? Аввал дар бораи нимфинал бояд фикр кард. Албатта, орзу кардан айб нест”, - шӯхӣ кард ӯ дар нишасти матуботии пас аз анҷоми вохӯрӣ.
Дар идома ӯ ба таври ҷиддӣ чунин изҳори назар кард:
“Лекин каме воқеъбин будан даркор аст. Тоҷикистон ба сафи 16 дастаи беҳтарин қораи Осиё шомил гардид. Сарфи назар аз кадом рақиб афтоданаш, мо барои пирӯзиҳои минбаъда тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ хоҳем дод”.
Аз рӯи ҷадвали мусобиқа ҳарифи ояндаи Тоҷикистон дастаи дуюм аз гурӯҳи “С” - Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Фаластин шуда метавонанд.
Петр Сегрт футболбозон ва ҳамаи мухлисони тими Тоҷикистонро бо ғалабаи бузург табрик кард:
“Ҳамаро табрик мекунам! Имрӯз ҳама кори зиёд анҷом доданд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистонро табрику таҳният мегӯям”, - гуфт Сегрт. Ҳамзамон ӯ табрики ҳарифро низ фаромӯш накард: “Мехоҳам ба Лубнон барои бозии хуб изҳори миннатдорӣ кунам”.
Ӯ шарҳ дод, ки чӣ гуна даста пас аз бекор шудани ду гол боз ба бозӣ баргашта, ба ҳадафи худ ноил гардид.
“Ин душвор буд. Вақти бозӣ ман таъкид мекардам, ки ҳар кадоме имкон дорад. Пурра ба бозингарони худ бовар доштам. Таъкид доштам, ки ба бохт ҳуқуқ надорем. Аз дастаи худ ифтихор мекунам.
Ҳар кадоме аз футболбозон ба ин пирӯзӣ саҳм гузошт. Мо ба муҳимтарин ғалаба дар таърихи футболи кишвар ноил гардидем”.
Илҳом аз раҳнамоии президент
Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвиз Умарбоев дар нишасти матбуотии пас аз бозӣ изҳор дошт, ки аз кумакаш ба даста хеле хурсанд аст.
“Сарфи назар аз гол ба дарвозаи мо, мо ноумед нашуда, ба чизи хостаамон даст ёфтем. Мехоҳам ғалабаро ба президент бахшем. Субҳ мо бо ӯ вохӯрдем ва сарвари давлат моро хеле рӯҳбаланд кард”, - зикр кард ӯ.
Мунтахаби Тоҷикистон таслим нашуд, ҳатто вақте ки ҳисоби бозӣ ба фоидаи лубнониҳо буд. Барои раҳоӣ аз ин ҳолат чӣ кумак кард?
Ба ин савол Умарбоев чунин посух дод: “Ҳатто вақте ки ҳисоби бозӣ ба фоидаи мо набуд, мо эҳсосе доштем, ки дар бозӣ ғалаба карда метавонем. Ба ростӣ, се-чор рӯзи ахир танҳо дар бораи ғалаба фикр мекардем. Дар вақти бозӣ низ ин орзу моро тарк накарда буд”.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Қатар бо ҳисоби 1:0 бар тими Чин дастболо шуд. Ба ин тариқ, Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар гурӯҳи “А” зинаи 2-юмро ишғол карда, ба даври 1/8 финалӣ (плей-офф) роҳ ёфт.
Футболбозони тоҷик чӣ қадар мукофотпулӣ мегиранд?
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё барои иштирокчиён ва дастовардҳо дар он мукофотпулиҳо пешбинӣ шудааст.
Маблағи умумии фонди мукофотпулӣ 14,8 млн долларро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё 5 млн доллар мукофотпулӣ мегирад.
Ба ҳар кадоме аз дастаҳо, аз ҷумла тими Тоҷикистон ба сифати иштирокчии мусобиқа 200 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим мегардад. Роҳ ёфтан ба даври нимфиналӣ аллакай 1 млн нарх дорад.
Мукофотпулиҳои мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё: дастаи ғолиб - 5 млн доллар, иштирокчии бозии финалӣ - 3 млн доллар, ҳар кадоме аз дастаҳои иштирокчии даври нимфиналӣ - 1 млн доллар, ҳар як дастаи иштирокчии мусобиқа – 200 ҳазор доллар.
Ёдрас мекунем, ки қаблан портали Transfermarkt арзиши ҳайатҳои дастаҳои иштирокчии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023/24-ро интишор намуд.
Мунтахаби Тоҷикистон бори нахуст дар даври финалии ин мусобиқа иштирок мекунад. Ҳайати даста 7,33 млн евро арзёбӣ шуда, аз лиҳози гаронӣ байни тимҳои қораи Осиё зинаи 18-умро ишғол менамояд.
Гаронтарин дастаи қораи Осиё Ҷопон буда, ҳайати он 316,95 млн евро арзиш дорад. Дар идома тимҳои Кореяи Ҷанубӣ - 193 млн евро ва Эрон - 51,58 млн евро қарор доранд.
Байни дастаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон 26,15 млн евро (зинаи 6-ум) ва Қирғизистон - 6,25 млн евро нархгузорӣ шудаанд.