Мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Давҳаи Қатар бори нахуст дар таърих ба сафи 100 даста (ТОП-100)-и аввали радабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) шомил шуд.
Дар радабандии нави ФИФА Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон 1220,68 балл дошта, 7 зина боло рафтааст. Қаблан зинаи беҳтарини ишғолкардаи Тоҷикистон 106-ум буд.
Байни кишварҳои қораи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 16-ум қарор гирифт. Айни замон то эълони радабандии нави ФИФА мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1195,07 балл зинаи 106-умро ишғол мекунад. Радабандии навшудаи ФИФА 15 феврал ба нашр мерасад.
Ёдрас мекунем, ки натиҷаи беҳтарини мунтахаби футболи Тоҷикистон зинаи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 буд, ки дар он сол даста 40 зина боло рафта буд.