Футболбози мунтахаби Тоҷикистон ва тими “Динамо”-и Тифлис (Гурҷистон) Алишер Шукуров тариқи иҷора ба дастаи футболи “Вахш”-и Бохтар гузашт.

Директори варзишии тим Муҳсин Муҳаммадлиев расман хабар дод, ки акнун ӯ муддати 6 моҳи оянда дар”Вахш” бозӣ хоҳад кард.

“Алишер Шукуров тариқи иҷора дастаи “Динамо”-и Тифлисро тарк карда, шаш моҳи оянда дар ҳайати “Вахш”-и вилояти Хатлон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ӯро ба даста хушомадед мегӯем!”, - иброз доштааст ӯ.

Сурат: Дастаи футболи "Вахш"

Айни замон Алишер ҳамроҳи дастаи “Вахш” дар мавзеи Сафед-Дара ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои даври дуюми чемпионат ва Ҷоми кишвар машқҳои назарияву ҷисмонӣ мегузаронад.

Ёдрас мекунем, ки аввали мавсим Шукуров бо яке аз дастаҳои маъруфи Гурҷистон - “Динамо”-и Тифлис ба муҳлати ду сол қарордод ба имзо расонид.

Дар тими мунтахаби Тоҷикистон Шукуров 6 бозӣ гузаронидааст. Дар Ҷоми футболи Осиё дар Қатар Алишер дар ҳамаи 5 вохӯрӣ дар маҷмӯъ 459 дақиқа бозӣ кард. Ин футболбозро коршиносон ва мухлисон чеҳраи наву ояндадор дар мунтахаби Тоҷикистон номиданд.

Дар ҳайати дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими соли 2021 Шукуров дар 36 бозӣ иштирок кард. 17 октябри соли 2023 бори нахуст дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо Малайзия иштирок карда, дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 дастболо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.