Дар Душанбе аз 28 то 31 август аввалин қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ доир мегардад. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа дар 9 вазн баргузор шуда, занон дар 3 вазн ва мардон дар 6 вазн рақобат мекунанд. Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор доллар аст.
“Аз рӯйи нақша дар ду рӯзи аввал кушодашавии мусобиқот ва интихоботи президенти Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ мегузарад, худи мусобиқот рӯзҳои 30 ва 31 август дар Қасри теннис ва варзиши обӣ доир мегардад. Барои тамошобинон даромад ройгон аст", - гуфтанд дар Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон.
Инчунин, ба иттилои масъулон, дар рафти мусобиқа миёни мухлисон бозии ройгони бурднок гузаронида шуда, ба ҳайси ҷоиза автомобили тамғаи “Camry 6” ва 5 телефони “Iphone 15 Pro” омода шудааст.
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Ҳалокати 17 нафар дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли равон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста