Портали Transfermarkt рӯйхати гаронтарин дастаҳои футболи ҷаҳонро нашр кард. Ба дастаҳо аз лиҳози зерсохтор, ҳайат ва вазъи тиҷоратӣ дар бозори варзиш баҳо дода шудааст.
Дар зина аввал “Реал”-и Мадрид қарор дорад, ки ба назари коршиносон, арзиши он 1,35 млрд евроро ташкил медиҳад.
Дар зинаи дуюм “Манчестер Сити” бо арзиши 1,32 млрд евро ва дар мақоми сеюм “Арсенал” бо арзиши 1,17 млрд евро ҷой гирифтаанд.

Лигаи олии Тоҷикистон ба сурати умум арзон шудааст. Акнун арзиши он 10,68 млн евро (қаблан - 18,38 млн) мебошад. Ин арзиши умумии дастаҳо бидуни “Кӯктош” ва “Панҷшер”мебошад, ки Transfermarkt ба онҳо ҳоло ҳеҷ баҳогузорие накрдааст.
Имрӯз гаронтарин дастаи Тоҷикистон “Истиқлол” боқӣ мемонад, ки нархаш 6,13 млн евро (қаблан - 4,40 млн) муайян шудааст. Дар зинаи дуюм “Равшан” бо арзиши 1,48 млн евро (қаблан 775 ҳазор евро) ва дар мақоми сеюм “Вахш” бо нархи 775 ҳазор евро (қаблан - 1,25 млн евро) қарор доранд.
Мавқеи дастаҳо дар зинаҳои баъдӣ чунин аст: 4. КМВА (ЦСКА) ва “Ҳосилот - ҳар кадоме 425 ҳазор евро ( қаблан мутаносибан 1,53 ва 169 млн евро); 5. “Хуҷанд” - 400 ҳазор евро (қблан - 2,63 млн евро); 6. “Барқчӣ” - 375 ҳазор евро (қаблан нархгузорӣ нашуда буд); 7. “Эсхата” - 325 ҳазор евро (қаблан 1,25 млн евро); 8. “Регар-ТадАЗ” - 200 ҳазор евро (қаблан - 2,40 млн( ва 9. “Истаравшан” - 150 ҳазор евро.
Лутфулло Давлатов: “То даме қувват дорам, бо театру синамо мемонам!”
Кормандони “Азия-Плюс” ба ифтихори зодрӯзи расона дар Боғи ғалаба ниҳол шинониданд
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста