Довари ФИФА (FIFA) Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, Гулмуроди Саъдулло якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.
Ба Гулмуроди Саъдуллои 33-сола дар майдон ҳамватанонаш, ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Насрулло Кабиров иҷро мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар VAR (кумак тариқи видео барои сардовар) Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд кор намуда, ёвари VAR – довари дигари таиландӣ Торфонг Сомсинг таъйин шуд.
Қобили зикр аст, ки Гулумуроди Саъдулло ва боз чанде аз доварони тоҷик ба рӯйхати ҳакамони таҷрибадори Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд ва дар бозиҳои муҳим дар доираи мусобиқаҳои Конфедеарстсия довар таъин карда мешаванд.