Федератсияи байнулмилалии ҷудо радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи варзишгаронро нашар кард. Варзишгарони тоҷик низ ба он шомиланд.

Дар радабандии навшуда ҷудокор Темур Раҳимов дар вазни +100 кг миёни ҳамаи ҷудокорони тоҷик пешсаф аст. Дар байни варзишгарони гаронвазн ӯ 6200 имтиёз касб карда, дар зинаи 3-юм дар ҷаҳон ҷойгир шудааст.

Дар зинаи 2-юм байни ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков (вазни 81 кг) қарор дорад. Ӯ ба зинаи 5-ум дар ҷаҳон баромада, 4980 имтиёз дорад. Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар Олимпиада Раҳимов ва Маҳмадбеков ба дарёфти медаҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Темур Раҳимов
Сурат аз Федератсияи ҷудои ҶТ

Мақоми сеюмро миёни тоҷикистониён Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг касб кардааст. Ӯ 4381 имтиёз дошта, дар зинаи 5-ум дар ҷаҳон қарор драд. Чорумӣ аз тоҷикистониҳо Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 кг мебошад, ки 2760 имтиёз дошта, дар мақоми 19-уми радабандӣ ҷойгир шудааст. Обид Ҷебов (66 кг) низ дар сафи 5-гонаи беҳтаринҳо миёни варзишгарони Тоҷикистон ҷойгир шуда, 2934 имтиёз дорад ва дар мақоми 22-юми радабандӣ қарор гирифтааст.   

Дар идомаи рӯйхат Комроншоҳи Устопириён (90 кг) – 2382 имтиёз ва зинаи 27-ум дар ҷаҳон, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) – 2013 имтиёз ва зинаи 29-ум дар ҷаҳон, Абӯбакр Шеров (73 кг) – 1735 имтиёз ва зинаи 30-юм, Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) - 1850 имтиёз   ва зинаи 31-ум, Меҳрзод Сӯфиев (60 кг) 835 имтиёз ва зинаи 57-ум дар ҷаҳон. Ҷудокорони дар боло зикршуда 10-гонаи беҳтарини намояндагони Тоҷикистон дар ин ин навъи варзиш мебошанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми Бозиҳои олимпӣ дар Париж даври интихобии минбаъда барои дарёфи роҳхат ба Бозиҳои соли 2028 оғоз мегардад. Дар ин бора иловатан эълон нашр карда хоҳад шуд.

Тоҷикистон бори нахуст дар таърих 6 роҳхати олипмӣ гирифта, аз натиҷаи беҳтарини худ гузашт. Меъёри олимпиро 7 ҷудокори тоҷик иҷро карда, лекин танҳо 6 нафар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 рафтанд, зеро дар як вазн дар Париж метавонист танҳо 1 нафар аз ҳар дастаи мунтахаб қувваозмоӣ кунад. Дар Бозиҳои Париж-2024 Раҳимов, Эмомалӣ, Маҳмадбеков, Хоҷазода, Устопириён ва Маҷидов иштирок карда, ба ду нафар аз онҳо дарёфти медал муяссар шуд.

Сомон Маҳмадбеков (аз рост) ва раиси Федератсияи ҷудои ҶТ Исмоил Маҳмадзоир
Сурат аз Федератсияи ҷудои ҶТ

Ба сурати умум ҳар кадоме аз намояндагони кишвари мо ба мубориза барои дарёфти роҳхат имкон доранд, лекин барои ин дар мавсим мебояд дар 6 то 8 мусобиқа иштирок кард. Ва натанҳо иштирок лозим аст, балки  кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, ки натиҷа ҳарчи зиёдтар муваффақона бошад, то ки имтиёз ба даст оварӣ.

Радабандӣ аз рӯи натиҷаи иштироки варзишгарон дар арсаи байнулмилалӣ таҳия мешавад. Бо гузашти вақт арзиши натиҷаҳои хеле пешина кам шуда, онҳоро натоиҷи муҳиму рӯзмарра иваз мекунанд.

Ҳамчунин дигар вижагиҳои ҳисоб вуҷуд доранд. Масалан, ба ҳисоби ҷудокор 6 нишондиҳандаи беҳтарин дар як сол дохил мешавад. Вобаста ба мақоми мусобиқа, ба варзишгарон барои ҳунарнамоӣ дар арсаи байнулмилалӣ имтиёзҳои гуногун дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.