Дастаҳои мунтахаби футболи Русия ва Тоҷикистон дар моҳи ноябр бозии дӯстона анҷом намедиҳанд. Дар Душанбе изҳор намуданд, ки онҳо даъвати ҷониби Русияро дарёфт карда, аммо барои ин рӯзҳо мунтахаби Тоҷикистон аллакай барои бозӣ бо дигар дастаҳо гуфтушунид кардааст. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.
Сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев ба нашрияи Sport24 сабаби дар моҳи ноябр баргузор нашудани бозии дӯстона бо Русияро чунин шарҳ додааст:
“Дар моҳи июл Иттифоқи футболи Русия (РФС) ба мо номаи расмӣ фиристода, пешниҳод намуд, ки дар яке аз танаффусҳои моҳҳои сентябр, октябр ё ноябр дар Русия бозии дӯстона анҷом диҳем. Моҳи сентябр мо дар як мусобиқа дар Малайзия иштирок кардем, ин моҳ ба мусобиқаи Ҷоми Шоҳигарӣ ба Таиланд меравем ва моҳи ноябр низ рақибони дигар дорем. Ғайр аз ин, дар моҳи ноябр мо танҳо бозиҳои хонагиро ба нақша гирифтаем, аммо ҷониби Русия бозӣ дар қаламрави Русияро пешниҳод кард. Аз ин рӯ, нақшаҳо мувофиқ наомаданд.
Ҳоло мо дар мавриди бозиҳои дӯстона бо дигар кишварҳо гуфттушунид дорем. Дар моҳи марти соли оянда аввалин бозии интихобии мо ба Ҷоми Осиё баргузор мешавад ва мунтахаби Тоҷикистон ба он ҷиддан омодагӣ мегирад. Аз ин рӯ, пас аз дарёфти номаи ҷониби Русия дар моҳи июл, мо фавран дар бораи ғайриимкон будани баргузории вохӯрӣ хабар додем. Вале мо изҳор доштем, ки омодаем дар бораи вақтҳои дигар, лекин на имсол, балки эҳтимол дар соли оянда гуфтушунид кунем”, - иброз дошт Фаридун Солиев.
Ёдрас мекунем, ки охирин бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуда, бо натиҷаи 0:0 ба поён расид.
Қаблан зикр гардида буд, ки дастаи мунтахаби Покистон низ аз бозии дӯстона бо Русия, ки барои моҳи октябр ба нақша гирифта шуда буд, даст кашид. Дар Федератсияи футболи Покистон изҳор намуданд, ки барои омодагӣ ба бозӣ фурсат намеёбанд, вале барои барои бозӣ дар моҳи ноябр изҳори омодагӣ карданд. Ҳамчунин хабарҳо буданд, ки дастаи Танзания низ бозӣ бо мунтахаби Русияро рад кардааст.
Айни замон мунтахаби Русия барои бозии дӯстона рақиби тасдиқшуда надорад. Тибқи иттилои пешинаи нашрияи Sport24, Русия ва Туркманистон пешакӣ мувофиқа ҳосил намуда, бозӣ метавонад 15 ноябр дар шаҳри Москва баргузор шавад.