Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 11-13-уми октябр дар шаҳри Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, се нишон - як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Аз ҷумла, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило баъди чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш аз Молдова, Гурҷистон, Русия ва Ҷопон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва дар нимфинал Татсуки Ишиҳараи ҷопониро шикаст дода, ба финал баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз Маҳмадбек Маҳмадбеков, ҷудокори тоҷики Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мағлуб шуд ва нишони нуқра гирифт.

Маҳмадбеков тоҷики зодаи шаҳри Иркутски Русия буда, моҳи августи имсол тасмим гирифт минбаъд аз номи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳунарнамоӣ кунад.

Обид Ҷебов бошад, дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ба рақибаш аз Филиппин ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз Мурод Чопанови русиягӣ шикаст хӯрд. Ӯ дар даври тасаллобахш Тео Радул Ҳебрарди фаронсавиро мағлуб кард ва барои медали биринҷӣ бо Эрхембаяр Баттогтохи муғул вориди рақобат шуд. Баъди шикасти ҳарифи муғулаш, Ҷебов нишони биринҷиро соҳиб шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило дар даври аввал Эрназар Сарсенбоев аз Ӯзбекистон ва дар чорякфинал Рис Томсонро аз Британияи Кабир шикаст дод. Вале Ҷаҳонгир дар даври ниманиҳоӣ аз Мишел Коррели ҳолландӣ, ки дар ин вазн ғолиб шуд, шикаст хӯрд. Ӯ барои медали биринҷӣ Симеон Катаринаи ҳолландиро мағлуб кард.

Ҷудокорони дигари тоҷик Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кило дар даври аввал ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Дар ин мусобиқа, ки бори нӯҳум бо мақоми "Grand Slam" ё "Тоскулоҳи бузург" баргузор шуд, 219 варзишгар (150 мард ва 69 зан) аз 29 кишвари чаҳор қитъаи олам иштирок карданд. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат гирифт.

Дар умум, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҳолланд бо ду медали тилло, се нуқра ва се биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Фаронса бо ду медали тилло, се нуқра ва ду биринҷӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мунтахаби Олмон бо ду медали тилло зинаи сеюмро азони худ кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ зинаи ҳафтумро ишғол намуд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим гардид.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо шуданд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.