Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон бо мақсади супоридани гувоҳнома ва мукофотҳо ба намояндагони марказҳои кӯмаки ҳуқуқии лоиҳаи USAID (Агентии рушди байнулмилалии ИМА) оид ба ислоҳоти истифодаи замин ва рушди бозори замин аз вилояти Суғд боздид намуд.

Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки даҳ маркази кӯмаки ҳуқуқӣ ва 62 нафар ташаббускорон ба фермерон ва сокинони деҳот оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо нисбат ба истифодаи замин тавассути баргузории тренингу семинарҳо ва мизҳои мудаввар кӯмак ва машварати ҳуқуқӣ расонидаанд, ки ин ба баланд шудани савияи дониши ҳуқуқии онҳо мусоидат кард.

«Ҳамин тавр, пас аз фаъолияти муваффақонаи сесола дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи мазкур ҷиҳати таҷдиди қонунгузории Тоҷикистон оид ба Кодекси замин ва қонун дар бораи ипотека ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, он моҳи сентябр ба анҷом мерасад, - изҳор дошт сарчашма. - Лоиҳа тавассути барномаи ҳафтаинаи радиову телевизионии «Ҳуқуқҳои шумо оид ба истифодаи замин» ва рӯзномаи ҳармоҳаи «Кимиёи хирад» аҳолиро бо масоили марбут ба қонунгузориҳо дар бораи истифодаи замин ошно месохт».

Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияи Исфара хонума Ҷейкобсон бо фаъолияти корхонаи коркарди зардолу ва истеҳсоли меваи хушк, ки ба туфайли дастгирии USAID кор мекунанд, аз наздик шинос шуд. Сафир ҳамчунин бо рӯзноманигорони маҳаллӣ ва хатмкунандагони барномаҳои табодули таҷрибаи Амрико мулоқот орост.