Хоруғ. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта беш аз 50 нафар фарзандони кормандони муассисаҳои тибии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои истироҳат ба осоишгоҳи бемориҳои дили «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб рафтанд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати тандурустии вилоят Шодӣ Ҷамшедов изҳор дошт, ки вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ҷиҳати ба осоишгоҳ бурдан ва аз он ҷо овардани кӯдакон нақлиёти мусофирбар (автобус) ҷудо кардааст. Кӯдаконро мутахассисони вазорат ва кормандони раёсати тандурустии вилоят ҳамроҳӣ мекунанд.

Кӯдакон дар осоишгоҳ тайи 7 то 10 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Пардохти ҳамаи маблағи хароҷот ва истироҳати кӯдаконро Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ӯҳдаи худ гирифтааст.