Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи раёсати Шӯрои кории созмон ба кор шурӯъ кард.

Иштирокдорони ҷаласа масоили таъмини амнияти энергетикиву ғизоӣ, рушди сайёҳӣ ва мушкилоти бахши кишоварзии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа раиси қисмати миллии Шӯрои кории СҲШ, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид роҳбарӣ мекунад.