Душанбе. 19-уми сентябр - Дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти чорвою парранда зиёд гардид

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти чорвою парранда зиёд гардид. Аз ҷумла истеҳсоли гӯшт дар вазни зинда- 45 ҳазору 375 тонна, шир - 24846, пашм- 3507, пилла - 2709, асал- 280,3 тонна ва тухм 6 миллиону 181 ҳазор доннаро ташкил дод. Бо вуҷуди ин, нархи ин маҳсулот дар бозорҳо ҳанӯз баланд аст.

Сабаби асосии баланд рафтани нархро мутахассисон ва коршиносон дар боло рафтани нархи хӯрокаи ҳайвоноту парранда дар бозорҳои кишвар ва хориҷи он арзёбӣ намуданд.