Душанбе. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Сокини ноҳияи Айнӣ Ҳабибҷон Ҳотамов чун муштарии 900 ҳазоруми «Вавилон М» соҳиби мошини сабукрави ВАЗ-2110 гардид. Субҳи имрӯз дар пойтахт маросими супурдани тӯҳфа ба ӯ баргузор шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» PR -менеҷери шӯъбаи маркетинги Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Вавилон-М» Ирина Воробева хабар дод, директори генералии ширкат Беҳзод Файзуллоев ба Ҳ.Ҳотамов калиди мошин ва корти 900 000 сониягии истифодаи телефонро тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки сафи муштариёни ширкат босуръат зиёд мешавад. 4-уми июни соли равон дар ширкат маросими тӯҳфасупорӣ ба муштарии 800 ҳазорум доир гашта буд.