Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ 3 млрд. 428 млн. сомониро ташкил додааст, ки маблағгузории он 90 дарсад таъмин карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра барои рушди бахши энергетика дар ҷумҳурӣ аз буҷаи давлатӣ 716 млн. сомонӣ ихтисос дода шудааст.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки аз ин маблағ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» 76 млн. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 55,2 млн. сомонӣ ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 10,2 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд.