Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои нобиноёни (филиали мактаби рақами 56-и ноҳияи Сино) шаҳри Душанбе Иди Наврӯзро бо сарпарастони худ – намояндагони дипломатии сафорати Ӯзбекистон дар ҶТ пешвоз гирифтанд.

            Чӣ тавре ки аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ин муносибат дар мактаб бо иштироки волидайни тарбиятгирандагон ва намояндагони сафорат ҷамъомади ботантана ва консерт баргузор шуд.

            Ба иттилои манбаъ, сафорати Ӯзбекистон соли дуввум аст, ки тарбиятгирандагони ин интернатро таҳти сарпарастии худ гирифта, мудом ба онҳо кӯмак мерасонад. «Ба сифати тӯҳфа намояндагони дипломатии Ӯзбекистон ба мактаб-интернат таҷҳизоти пухтани маҳсулоти нонӣ тақдим намуда, ҳамчунин бо маводи ғизоӣ, аз қабили орду макарон ва маҳсулоти қаннодӣ ёрӣ расониданд», - афзуд манбаъ.