Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфениг масоили амалисозии чорабиниҳои марбут ба коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Аксел Шиммелпфениг иҷрои нишондиҳандаҳои санҷишии сиёсати макроиқтисодӣ ва хазинаи давлатии Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи коҳиши фақр ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.

            Дар навбати худ вазири молияи ҶТ ба намояндагони ХБА барои пуштибонӣ аз барнома ва маъқул шуморидани он аз ҷониби Шӯрои мудирони Хазина изҳори миннатдорӣ намуда, дурнамои муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳим арзёбӣ кард.

            Тибқи маълумоти намояндагии ХБА дар Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи ХБА оид ба Тоҷикистон рӯзи 4-уми май ба Душанбе ташриф оварда буд. Дар ҷараёни сафар, ки 14-уми май ба анҷом мерасад, Аксел Шиммелпфениг бо мақомоти раҳбарии бахши иқтисоди Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Рӯзи 12-уми май дар меҳмонхонаи Hyatt Regency роҳбари гурӯҳи ХБА барномаи рушди иқтисодии минтақавиро муааррифӣ хоҳад кард.