Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки корхонаи фаръии ҶСП «Зарубежнефтегаз»-и мутаалиқ ба сохтори «Газпром»-и Русия корҳои иктишофии геологиро дар майдони нафтугаздори «Сариқамиш» дар ноҳияи Шаҳринав ба таври бояду шояд ба роҳ мондааст ва интизор меравад, ки моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ маълумоти нахустин аз захираи ин кон ба даст оварда шуда, ахири сол насби таҷҳизот барои пармакунии чоҳ ба нақша гирифта шавад. «Коршиносони русиягӣ ба маҳалли кор аллакай 220 вагон таҷҳизоти навтарин оварда, боз ба ҷумҳурӣ ворид кардани то 400 вагони дигари таҷҳизоти заруриро дар нақша доранд», - гуфт ӯ.

            Номбурда ҳамчунин гуфт, ба ҷуз ҶСП «Зарубежнефтегаз, айни замон дар Тоҷикистон ширкатҳои «Tethys Тajikistan Limited» - Канада, ширкати «Сомон Ойл»-и Тоҷикистону Швейтсария, ширкати «Марвис»-и Сингапур ва ҳамчунин ширкати «ТоҷАм»-и Амрикову Тоҷикистон низ ба корҳои иктишофиву геологии майдонҳои нафтугаздор машғуланд.