Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз нимаи моҳи июн то имрӯз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон дар ҳаҷми ҳудуди 130 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод, ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ҳудуди 6,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. «Тибқи созишноми байниҳукуматӣ, дар фасли тобистон Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя бояд 450 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад ва дар ҳамин ҳол, аз 27-уми феврал то 1-уми май аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 248 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд», - гуфт ӯ.

            Сухангӯи ширкат гуфт, мувофиқи қарордоди маҷлиси комиссяи байниҳукуматӣ, ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор баҳорон бояд тақрибан 300 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол мегардид ва аз ин рӯ, тирамоҳ Ӯзбекистон бояд ба кишвари мо 52 млн. кВт/соат нерӯи барқи боқимондаро баргардонад. «Зимистони имсол Тоҷикистон аз Қазоқистон берун аз нақша дар ҳаҷми ҳудуди 106 млн. кВт/соат нерӯи барқ гирифт, ки айни замон он пурра баргардонида шудааст», - изҳор дошт Н.Ёдгорӣ.

            Мавсуф афзуд, дар моҳи июл низоми энергетикии кишвар ҳамарӯза зиёда аз 57 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.