Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки рушди осиё (БРО) аз рӯи барномаи дастгирии раҳоӣ аз бӯҳрон ба маблағи 40 млн. $ созишномаи бурсӣ ба имзо расид. Зери санад вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии БРО дар ҶТ Макото Оҷиро имзо гузоштанд.

            Дар маросими баимзорасии созишнома М.Оҷиро изҳор дошт, ки иқтисоди Тоҷикистон, ки ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва бахши кишоварзӣ вобаста аст, дар минтақа аз ҳама бештар хисорот бардоштааст. «Дастгирии БРО ба ҳукумат барои дастгирии барномаи бӯҳронии хароҷот ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, аз қабили пардохти музди меҳнат ва кӯмакпулиҳо ба қишри осебпазири ҷомеа, бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъмин намудани онҳо, иҷрои барномаҳои сармоягузории марбут ба муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав шароит фароҳам мсеозад», - гуфт М.Оҷиро.

            Дар ҷараёни суханронӣ М.Оҷиро гуфт, чанде пештар Шӯрои мудирони   бонк ҷудо кардани маблағи мазкурро маъқул шуморида, ба масъалаи идора кардани ин воситаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир сохтааст, яъне шӯрои мудирон хостори таъмини раванди шаффофи назорати истифодаи мақсадноки ин маблағҳо аст.

            Қобили зикр аст, ки Вазорати молияи ҶТ агентии иҷрокунандаи ин барнома буда, интизор меравад, маблағи ҷудошуда то ахири соли ҷорӣ пурра барои амалисозии ҳадафҳои пешбинишуда истифода бурда шавад.