Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими расмии оғози амалисозии марҳилаи саввуми Барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон, ки барои солҳои 2006-2011 пешбинӣ шудааст, баргузор мешавад.

            Барномаро Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод маблағгузорӣ намуда, он аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат дар ҳамдастӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати энергетика ва саноати ҶТ амалӣ мегардад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, лоиҳаи нав, ки барои он 1,8 млн. $ маблағ ҷудо гардидааст, ба рушди саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ нигаронида шуда, ҳадаф аз он – дастгирии рушду тавсеъаи устувор ва роҳандозии содироти маҳсулоти корхонаҳои соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон ба василаи беҳбуди рақобатпазирии молу маҳсулоти саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ ва беҳтарсозии зерсохтори идоракунии сифати мол дар кишвар мебошад.

            Бино ба иттилои манбаъ, бо оғози марҳилаи нав оид ба анҷоми марҳилаи дуввуми барнома, ки ба рушди бахши коркарди сабзавоту мева равона гардида буду солҳои 2006-2008-ро дар бар мегирифт, эълом пахш хоҳад гардид.