Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон ва Қазоқистон: масоили созиши байни миллатҳо ва конфессияҳо» сиёсатшиноси маъруфи ҷумҳурӣ Абдуллои Раҳнамо изҳор дошт, ки таҳаввулот дар мавқеъҳои ҷонибдорони шакли дунявӣ ва динии мавҷудияти давлатдорӣ дар Тоҷикистон асоси расидан ба сулҳу созиш дар Тоҷикистон гардид.

            Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаҳои аввали гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ҷонибдорони тарзи рушди дунявии кишвар қотеъона муқобили дар ҶТ эътироф кардани фаъолияти ҳизбҳои хусусияти динидошта буданд ва намояндагони ҷониби дигар баръакс, мухолифи сохти дунявӣ дар ҷумҳурӣ буданд. «Дар ҷараёни муколамаи дунявиву динӣ навъи тоҷикии ташкили давлати дунявӣ таҳия гардид, ки он дар тамоми ҷаҳон намунаи нодир аст ва иқдоми нахустинро дар ин самт президенти Тоҷикистон бо бекор кардани қонуни паруумонӣ дар бораи манъи фаъолияти аҳзоби сиёсии хусусияти динидошта дар ҷумҳурӣ соли 1998 амалӣ сохт», - гуфт ӯ.

            Сиёсатшинос мегӯяд, дар посух ба ин иқдоми сарвари давлат мухолифони исломӣ низ низ баъзе гузаштҳо розӣ шуданд. «Мо медонем, ки замони ҷангҳои дохилӣ дар Тоҷикистон Ҳаракати исломии Ӯзбакистон (ҲИӮ) як ҷузъи Нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик буд, вале пас аз ноил гардидан ба сулҳу созиш нерӯҳои низомии мухолифин дар рондани ҲИӮ аз қаламрави ҷумҳурӣ иштирок кард, ки баъдтар барои ин амал ҲИӮ онҳоро дар канорагирӣ аз усулҳои ҷанги муқаддас ба хотири ислом муттаҳам сохт», - таъкид сохт А.Раҳнамо.

            Бино ба тасдиқи А.Раҳнамо, таҷрибаи қонунигардонии фаъолияти аҳзоби сиёсии хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ба зуҳури иттиҳодияҳои динии мӯътадил хизмат карда, ин таҷриба то ҳанӯз дар манотиқи ҷаҳон, ки он ҷо миёни ҷонибдорони сохти дунявӣ ва динии давлат мухолифат вуҷуд дорад, истифода намегардад.

Мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон ва Қазоқистон: масоили созиши байни миллатҳо ва конфессияҳо» аз ҷониби сафоратхонаи Қазоқистон дар Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» созмон дода шуд.