Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Омӯзгорони тарбияи ҷисмонии макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон бори нахуст соҳиби китоби дарсӣ мешаванд.

            Чанде қабл зимни як нишасти хабарӣ вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки китоби дарсии тарбияи ҷисмонӣ барои таълим дар ҳамаи синфҳо пешбинӣ гардида, ояндаи наздик барии синфҳои 6-11 китоби дарсии омӯзиши забони арабӣ ва китобҳои дарсии таълими забонҳои фарносавиву олмонӣ барои макотиби таҳсилоти умумӣ низ ба нашр мерасанд.

            А.Раҳмонов гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба миқдори умумии 906 ҳазору 858 нусха 18 номгӯи китобҳои дарсӣ ба маблағи умумии ҳудуди 6 млн. сомонӣ ба чоп расидаанд. «Ғайр аз ин, дар ин давра ба маблағи беш аз 422 ҳазор сомонӣ 14 ҳазору 285 нусха китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва нақшаҳои таълимӣ интишор гардида, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ пешкаш шуданд», - афзуд вазир.