Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳафтаи равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози тайёраҳо ба хатсайри ҳавоии нави Душанбе-Красноярскро ба роҳ мемонад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ширкат иттилоъ доданд, парвозҳо бо ин хатсайр аз 10-уми июли соли ҷорӣ тавассути ҳавопаймои навъи «Боинг 737-800» ба иҷро расонида мешаванд.

            Бино ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 11-уми июли соли равон ширкат парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайрҳои Душанбе-Хуҷанд, Хуҷанд-Сочи ва Хуҷанд-Красноярскро низ ҷорӣ месозад. «Ғайр аз ин, шурӯъ аз 29-уми июл роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо ба хатсайри   Душанбе-Франкфурти Майн (Олмон) низ ба нақша гирифта шудааст», - афзуданд дар маркази матбуоти ширкат.