Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки рушди Осиё (БРО) ва ҳукумати ҶТ стратегияи нави ҳамкорӣ барои 3-4 соли минбаъдаро таҳия месозанд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Макото Оҷиро иттилоъ дод, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи ҶТ ва Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ таҳияи стратегияи нави ҳамкории дуҷониба ба нақша гирифта шуда, он моҳи октябри соли равон ба баррасии Шӯрои мудирони бонк пешниҳод мегардад. «Барқарорсозӣ ва беҳбуди фаъолияти бахши нақлиёту энергетика ва дастгирии раванди ислоҳот дар рушди бахши хусусӣ самтҳои асосии стратегияи нав хоҳанд буд», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи М.Оҷиро, ба ҳисоби миёна ҳамасола чун кӯмаки бебозгашт аз ҷониби бонк ба Тоҷикистон ҷудо кардани маблағи умумии 50 млн. $ пешбинӣ мешавад. «Соли ҷорӣ маблағи ҷудошуда ба Тоҷикистон каме бештар аз 60 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод», - изҳор дошт вай ва афзуд, ки ин ба он марбут аст, ки ҳукумати ҶТ дархост кардааст, соли равон аз ҳисоби соли оянда як миқдор маблағ ҷудо карда шавад.