Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Иттиҳоди Аврупо ба маблағи умумии наздик ба 3,5 млн. Евро шаш лоиҳаи ҷадид дар бахши тандурустӣ ва кишоварзии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи «Афзудани даромадҳо ва беҳбуди меъёрҳои ҳаёт дар вилоятҳои Суғду Хатлон» амалӣ мегардад.

            Бино ба иттилои манбаъ, барнома ҷиҳати мусоидат ба ҷамоатҳои осебпазир барои тавсеъаи имконоти ба даст овардани даромад, беҳбуди вазъи пешгирии бемориҳо, таҳкими амнияти ғизоӣ, рушди зерсохтори аввалия, густариши имконоти омӯзиш ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти маҳаллӣ амалӣ мешавад.

  «Лоиҳаҳо тавассути шаш шарикони иҷрокунанда, ки баҳри амалисозии барнома ба маблағи ҳудуди 870 ҳазор Евро саҳми худро ворид месозанд, дар давоми солҳои 2009-2010 татбиқ мегарданд», - афзуд манбаъ.