Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умеди Давлатзод дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири шадиди бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар, ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаҷми хароҷоти иҷтимоии барои соли 2009 пешбинишуда дар буҷаи Тоҷикистонро ба ҳеҷ ваҷҳ коҳиш намедиҳад ва ин қарори ҳукумат гувоҳи он аст, ки дастгирии бахши иҷтимоӣ айни замон ва минбаъд низ ҳамеша дар маркази тавҷҷӯҳи ҳукумат қарор хоҳад дошт.

            У.Давлатзод мегӯяд, афзоиши ҳаҷми хароҷот ба бахши иҷтимоӣ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳаҷми даромади буҷа зиёд шавад ва дар шароити таъсири бӯҳрони молӣ ҳукумат баҳри дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ ва таъмини шуғл дар бахши воқеии иқтисод бисёр имтиёзҳову сабукиҳо ҷорӣ сохт. «Аз ин рӯ, қисми даромади буҷа афзоиш нахоҳад ёфт, мутаносибан қисми хароҷот низ зиёд намешавад», - гуфт ӯ.

            Мавсуф зикр намуд, ки дар сурати дастгириҳо тавассути ҷудо кардани бурсҳо ва воридшавии маблағҳои иловагӣ аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, он қабл аз ҳама, ба таври мақсаднок баҳри дастгирии бахши иҷтимоӣ равона хоҳад гардид. «Масоили дастгирии бахши иҷтимоӣ дар Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2009-2012 ва Барномаи ҳукумат оид ба сармоягузориҳои давлатӣ дар давраи солҳои 2010-2012, ки айни замон дар ҳоли таҳия қарор доранд, дарҷ хоҳанд шуд», - афзуд муовини вазир.