Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни ҷаласаи ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор таҳти роҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова масъалаи омодагии ташкили сафари ҳаҷи зоирини Тоҷикистон дар соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати умури дини назди Вазорати фарҳанги ҶТ Идибек Зиёев иттилоъ дод, аз моҳи август дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар маъракаи расмии бақайдгирии хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо оғоз мегардад. «Бӯҳрони молӣ ба зоирини тоҷик таъсире нагузоштааст, зеро дар рӯйхати пешакии мо шумори зоирин то 10 ҳазор мерасад, ҳарчанд чун соли гузашта барои Тоҷикистон 5 ҳазор квота ҷудо карда шудааст», - гуфт ӯ.

            Номбурда гуфт, соли ҷорӣ маблағи хароҷоти сафари ҳаҷ аз 2950 то 3300 $ зиёд карда шуд. «Шурӯъ аз соли равон барои хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо низоми тозаи навбат ҷорӣ гардида, хоҳишмандон қаблан ба навбат гирифта мешаванд, зеро сол то сол шумори зоирин меафзояд», - афзуд И.Зиёев.