Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли равон дар чаҳорчӯбаи муносиботи ҳамкориҳои дуҷониба бо созмонҳои байнулмилалӣ дар Вазорати молияи ҶТ ба маблағи умумии 163 млн. $ 11 созишнома ба имзо расид.

             Ба гуфтаи ӯ, дар асоси ҷудо кардани бурсҳо ба маблағи 112 млн. $ созишномаҳо ба тасвиб расидаанд. «Айни замон дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 436,2 млн. $ 17 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад», - гуфт ӯ.

            С.Наҷмиддинов гуфт, воситаҳои қарзӣ дар ин лоиҳаҳо ҳудуди 56 дарсад ё худ 245 млн. $ аз арзиши умумиро ташкил дода, воситаҳо бурсии Бонки рушди Осиё ва дигар маблағгузорон ба 102,3   млн. $ ё худ 23 дарсад аз арзиши умумӣ баробар аст. «Саҳми ҳукумати ҶТ дар ин лоиҳаҳо муодили 88,8 млн. $ мебошад», - афзуд вазир.