Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шаҳрвандони Тоҷикистон миёни осебдидагон аз бетартибиҳо дар вилояти Синтзян –Уйғури Чин ё худ Шинҷон ба қайд гирифта нашудаанд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, вазорат доимо бо сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин дар тамос аст. «Тибқи маълумоти аз сафорат ба мо расида, миёни осебдидагон ва боздоштшудагон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудаанд», - гуфт ӯ.

            Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони тоҷик муваққатан аз сафар ба Чин худдорӣ варзидаанд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибкори пойтахт Холмаҳмад Тӯраев, ки аз шаҳри Урумчӣ ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид месозад, гуфт, ӯ ва шариконаш бинобар тазоҳуроту бетартибиҳо дар Чин алҳол аз сафар ба ин кишвар даст кашидаанд. «Феълан барои молу маҳсулот мо ба Туркия меравем», - гуфт ӯ.

            Тибқи иттилои расонаҳо хабарии ҷаҳон, чанде пештар дар вилояти Синтзян-Уйғури Чин соати комендантӣ ҷорӣ карда шудааст. Барои пешгирии такрори наашудани бетартибиҳо, гаштугузори сокинони маҳаллӣ дар кӯчаву хиёбонҳо аз соати 20-и шом то 8-и субҳ манъ карда шудааст.