Душнбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки давлати амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар давоми соли равон санадҳои лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 1 млн. доллари ИМА-ро таҳия сохтанд.

            Чанде пештар раиси раёсати «Амонатбонк» Мамадамин Мамадаминов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки лоиҳаҳои мазкур ба Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, ки аз соли гузашта «Амонатбонк» низ ба узвияти он пазируфта шуд, пешниҳод гардидаанд. «Ҷудо кардан ё накардани маблағ баҳри табиқи ин лоиҳаҳо аз он вобаста аст, ки ин лоиҳаҳо то кадом андоза аз ҷониби иттиҳодияи байнибонкӣ тасдиқ мешаванд», - гуфт ӯ.

            Ба гутфаи Мамадаминов, дар чаҳорчӯбаи Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ «Амонатбонк» бо Бонки давлатии Чин ба маблағи 5 млн. $ қарордоди қарзӣ ба имзо расонид. «Маблағи нахустини қарзӣ барои харидории техникаи нав ба коркарди кони ангишти «Кони Сайёд», ки дар қисмати начандон дуртар аз минтақаи шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст, ҷудо гардидааст. «Дар навбати худ, мо оид ба раванди фурӯши маҳсулоти ин кон мониторинг мегузаронем ва бояд гӯям, ки ҷиҳати фурӯши ангишт бо Афғонистону Покистон қарордодҳо ба тасвиб расиданд», - баён дошт вай.

            Раиси бонк афзуд, воситаҳои боқимондаи бонки Чин дар ҳаҷми 4 млн. $ барои дастгирии корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ истифода бурда мешаванд.