Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи баргузории ярмаркаи чаҳоррӯзаи илмиву маърифатии Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Душанбе миёни макотиби олии ин кишварҳо 96 созишномаву аҳдномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. «Мо мутмаинем, ки минбаъд макотиби олии кишварҳо дар бахши таҳқиқоти илмӣ ва фанноварӣ ҳамкориҳоро бештар густариш хоҳанд дод», - изҳор дошт вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов.

            А.Раҳмонов ҳамчунин гуфт, зимни мулоқоту сӯҳбатҳо миёни мақомоти раҳбарии макотиби олии кишварҳо таваҷҷӯҳ ва хоҳишмандии ҷонибҳо дар баргузории корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ баён гардида, дар робита бо он, ҷиҳати омода сохтан ва нашри як қатор дастурҳои илмӣ ва китобҳо аз ҷониби олимони Тоҷикистону Эрон мувофиқа ҳосил гардид. «Дар мулоқоту сӯҳбатҳо бобати роҳандозии табодули таҷриба миёни макотиби олии кишварҳо тасмим гирифта шуда, бисёре аз макотиби олии Эрон бо ин мақсад барои омӯзиши донишҷӯён ва олимони Тоҷикистон 5 ҷойӣ пешниҳод сохтанд ва маблағи хароҷотро ҷониби Эрон ба дӯши худ гирифт», - гуфт вазир.

            Дар фарҷом А.Раҳмонов қайд кард, ки намоишгоҳи мазкур бори нахуст ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, он оғози роҳандозии муносиботи ҳамкории нав миёни кишварҳо аст.

            Ёдрас мекунем, ки Намоишгоҳи байнулмилалии илмиву маърифатии Эрону Тоҷикистон рӯзҳои 6-9-уми июл дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар он намояндагони 13 мактаби олии Тоҷикистон ва ҳудуди 40 мактаби олӣ, муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва фарҳангии Эрон ширкат варзиданд.