Душанбе. 9-ууми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Интизор меравад, ки аз 19 то 22-юми август дар ноҳияи Данғара намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалӣ бо ишироки соҳибкорон аз вилояти Қошғари Чин баргузор гардад.

            Зимни як нишасти матбуотӣ раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид изҳор дошт, ки қаблан чунин намоишгоҳ-ярмаркаи вилояти Қошғари Чин дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, ВМКБ ва Хуҷанд доир гардиданд.   

              «Баргузории намоишгоҳ дар ноҳияи Данғара ба дар ояндаи наздик ифтитоҳи боз як минтақаи   озоди иқтисодӣ дар ин ноҳия марбут аст», - гуфт ӯ.

            Номбуурда ҳамчунин гуфт,   намоишгоҳ-ярмаркаи соҳибкорони вилояти Қошғари Чин дар Тоҷикистон солди 2004 низ баргузор шуда буд.