Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» ба муҳоҷирони меҳнатии Кӯлоб бевосита пеш аз сафар машварат пешниҳод месозад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари марказ Додарбек Сайдалиев иттилоъ дод, шурӯъ аз ҳафтаи оянда тамоми маълумоти зарурӣ оид ба қонунгузории Русия, тартиби ба кор қабул кардан, робитаҳо бо корхонаву ташкилотҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз парвоз дар фурудгоҳи Кӯлоб ё истгоҳи мусофирбари қатора дастрас карда метавонанд. «Ин идомаи татбиқи лоиҳаест, ки марказ соли ахир бо дастгирии молиявии Дафтари САҲА дар Душанбе татбиқ кард», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Д.Сайдалиев, фарқи татбиқи ин лоиҳа дар он аст, ки акнун чун пештара кормандони марказ омадани муҳоҷирони меҳнатӣ ба дафтари кориро интизор нашуда, худашон бевосита барои сӯҳбат ба назди онҳо мераванд ва ба муҳоҷирон дар фурудгоҳ ё истгоҳи қатора варақаҳои дорои маълумоти пурра дар бораи кишварҳоро месупоранд. «Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони марказ 162 сӯҳбати инфиродӣ, 78 телефонӣ, 13 гурӯҳӣ ва 85 машаврати сайёр баргузор карданд», - афзуд Д.Сайдалиев.