Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Ман мавқеи сарвари давлати Тоҷикистонро оид ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи захоири обиву энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзанда арзёбӣ мекунам», - изҳор дошт пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Дабири кулли СММ – роҳбари Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ Мирослав Енча.

            Номбурда таъкид сохт, ҳар як давлат ба истифодаи оқилонаи об дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ бархӯрдор буда, Тоҷикистон низ истисно нест. «Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Ашқобод вохӯрии роҳбарони вазоратҳои хоҷагии оби минтақаро оид ба натиҷагирӣ аз амалисозии қарордодҳои зимни мулоқоти сарони кишварҳои минтақа дар нишасти Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал дар Алмаато баимзорасида созмон медиҳад», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқоти Туркманистон ҳамчунин намояндагони Барномаи рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти раҳбарии Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал низ ширкат хоҳанд варзид. «Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд оид ба мушкилоти захоири обӣ, энергетика ва бахши кишоварзӣ дар минтақа вохӯрӣ барпо мегардад», - изҳор дошт М.Енча.

Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ҳамчунин гуфт, дар мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон масоили афзалиятноки марбут ба рушди устувор ва таъмини амният дар минтақа, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.