Қӯрғонтеппа. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳияи Бохтар ба маблағи умумии 25 млн. 198 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 102 дарсадро ташкил медиҳад.

            Зимни як нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Абдуалим Исмоилов изҳор дошт, ки аз 12 корхоани саноатӣ дар чортоаш, аз ҷумла корхонаи пахтатозакунии ҶСК «Файзалӣ Саидов ( 11 фоиз), ҶСК «Заргар» (80 фоиз), ҶСП «Континентал» (82 фоиз) ва «Истеко текстайлз (83 фоиз)   ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфтааст. «Дар қаламрави ноҳия корхонаи бузурги коркарди чарм мавҷуд аст, ки баҳри барқарорсозии фаъолияти он сармоягузории хориҷӣ зарур аст», - гуфт ӯ.

            Номбурда гуфт, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти корхона то ҳанӯз барқарор нашуда, феълан барои ба кор даровардани он таҷҳизоту фанновариҳои ҷадид ва такмили зерсохтораш зарур аст. «Сармоягузорони хориҷӣ аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки дар корхона низоми таъмини об, коркард ва партовтозакунӣ ва ҳамчунин таъминоти шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ вуҷуд надорад», - баён дошт А.Исмоилов.

            Раиси ноҳия ҳамчунин афзуд, соли равон дар ноҳияи Бохтар корхонаи хурди консерв ба фаъолият шурӯъ намуда, соҳибкорони маҳаллӣ ба бунёди ду корхонаи дигар – истеҳсоли шағал ва хишт оғоз карданд.