Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - 13 июли соли 2009 муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ҳайати Тройкаи Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт.

Ҳайат аз Ян Ниберг, мудири кулли Идораи Вазорати корҳои хориҷии Шветсия ба сифати раёсати кунунии Иттиҳоди Аврупо, Пйер Морел, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Томас Фреллезен, муовини сардори Раёсати Комиссияи Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ иборат буд.

Дар мулоқот авлавиятҳои Раёсати Иттиҳоди Аврупо дар муносибатҳои он бо Тоҷикистон, масъалаҳои рафъи таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, вазъият дар Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор, муҳокима шуданд.

Зимни мулоқот нақши фаъоли Тоҷикистон дар раванди татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, таҳкими субот дар минтақа ва ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон таъкид гардид.

Дар мулоқот инчунин масъалаи то охири соли ҷорӣ баргузор намудани чанд чорабинии муҳим бо иштироки намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар инт бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.