Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар сомонаи интернетии рӯйхати бонкҳои Allbanks.ru гӯшаи бахшида ба Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

            Тибқи иттилои сомона, дар гӯшаи мазкур оид ба бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявии қарздиҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардидааст.

            Айни замон дар саҳафоти сомона оид ба муассисаҳои молиявии 13 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ - Русия, Украина, Белорус, Латвия , Литва, Эстония, Молдова, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон маълумот ҷамъоварӣ карда шудааст.

«Феълан ҳайати таҳририяи сомона рӯи гӯшаи бахшида ба муассисаҳои молиявии Туркманистону Қазоқистон кор мекунад ва бо анҷоми он маълумот дар бораи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пурра нашр хоҳад шуд», - гуфта мешавад дар ахбори сомона.