Кӯлоб. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Гурӯхи нахустини ҷанговарони интернатсионалисти Кӯлоб дар шаҳраки Красная Полянаи вилояти Краснодари Русия ба бунёди меҳмонхонае, ки ба маҷмааи иншооти Олимпиадаи Сочи-2014 дохил мешавад, шурӯъ кард.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон аз Красная Поляна раиси Шӯрои муттаҳидаи ҷанговарони интернатсионалисти минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Кӯлоб Рустам Абдуқаюмов иттилоъ дод, гурӯҳи аввал аз 13 нафар иборат буда, минбаъд шумори ин гурӯҳ умуман 30 нафарро ташкил хоҳад дод ва онҳо меҳмонхонаи 30-ошёнадорро бунёд мекунанд.

            Ба гуфтаи Р.Абдуқаюмов, шумори тоҷикистониён дар сохтмони иншооти олимпӣ зиёд аст ва танҳо дар шаҳраки Красная Поляна беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар иншооти гуногуни сохтмонӣ машғули коранд.