Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини аввали директори Агентиии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Мирзоҳасан Султонов изҳор дошт, ки ояндаи наздик дар майдони зиёда аз 7 гектари қисмати ҷанубу шарқии Кӯли ҷавонони пойтахт сохтмони маҷмааи фарҳангиву манзилӣ ба нақша гирифта шудааст. «Тибқи консепсия, маҷмааи мазкур як шаҳраки дорои зерсохтори мустақил дар дохили шаҳр буда, дар он манзили зист, мактаб, кӯдакистон, маркази тиҷоратӣ ва иншооти варзишӣ сохта мешаванд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, консепсияи мазкур рӯзҳои наздик дар ҷаласаи шӯрои шаҳрсозии агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, агар он ба талаботи муосири меъморӣ ҷавобгӯ бошад, корҳои таҳияи лоиҳаи сохтмони маҷмааи оянда шурӯъ мешаванд. «Консепсияи мазкур бо ҳукумати давлати Қатар мувофиқа шуда, ин кишвар маблағи хароҷоти сохтмони маҷмааро ба ӯҳдаи худ мегирад», - изҳор дошт вай.

М.Султонов афзуд, дар соҳили шимолии Кӯли ҷавонони пойтахт чойхонаи муосир ва боғи истироҳату фароғат бунёд мегардад.