Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Сегонаи Иттиҳодияи Урупо аз таъсири даргириҳои ахир дар Афғонистон ва Покистон бар вазъияти То ҷ икистон ибрози нигарон ӣ кардааст.

Ин мавз ӯ ъ дар нишасти хабарии намояндагони Сегонаи Урупо, яъне Раёсат, Ш ӯ ро ва Кумисиюни Урупо, дар шаҳри Душанбе матраҳ шуд.

Пиер Морел, намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар Осиёи Миёна ва Қафқоз, бо ишора ба ҳаводиси ахир дар шарқи То ҷ икистон гуфт: “Иттиҳодияи Урупо аз ин ки ҳаводиси Афғонистон ва Покистон бар вазъи То ҷ икистон чи гуна асар мегузорад, нигарон аст.”

Вай ҳушдор дод: “Созишномаи сулҳе, ки То ҷ икистон 10 соли пеш имзо кард, барои мо арзишманд аст ва ҳар васвасае барои бозгардондани мунозеъа ба ин кишвар зиёне бузург ҳам барои То ҷ икистон ва ҳам барои тамоми минтақа аст.”

Оқои Морел афзуд, ки амалиёт дар шарқи То ҷ икистон “ҳамчунин ба қочоқи аслиҳа ва маводди мухаддир марбут будааст ва аз ин р ӯ мо бори дигар омодагии худро барои идомаи барномаи таҳкими марзҳо дар Осиёи Марказ ӣ (БОМКА) бо Ожонси назорат бар маводди мухаддири ин кишвар матраҳ кардем.”

Нигаронии ин масъули Иттиҳодияи Урупо дар ҳолест, ки тайи ду моҳи ахир гузоришҳое аз ноамн ӣ дар Тавилдара, минтақае к ӯ ҳистон ӣ дар шарқи То ҷ икистон мунташир шудааст. Пештар, аз як инфи ҷ ор дар Анди ҷ они Ӯ збакистон ва ду мавриди даргир ӣ дар ҷ ануби Қирғизистон низ гузориш шуда буд.

Мақомҳои То ҷ икистон тайи чанд р ӯ зи ахир аз ибрози назар дар бораи вазъияти Тавилдара худдор ӣ мекарданд, вале Вазорати умури дохилаи ин кишвар р ӯ зи якшанбе барои бори нахуст тавзеҳ дод, ки даргириҳое дар ин минтақаи к ӯ ҳистон ӣ бо гур ӯ ҳҳои мусаллаҳ рух додааст. Дар ин бора бахши форси сомонаи хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Комиссияи Аврупо таъкид сохт, ки зимни мулоқоти дирӯза бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бобати даргириҳои ахири мусаллаҳона дар кишвар сӯҳбате нашудааст. «Зимни мулоқот мо аз ҷаноби Кабирӣ дархост кардем, ки вазъи дохилӣ дар ҳизбро шарҳ дода, ҳамчунин аз нуқтаи назари ӯ оид ба вазъи имрӯза дар Тоҷикистон ва фаъолияти ӯ дар парлумон ҳамчуни намояндаи ягонаи ҳизби исломӣ пурсон шудем», - афзуд П.Моррел.