Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Озарбойҷон ба аҳолии баҳорон аз офати табиӣ осебдидаи Тоҷикистон 100 ҳазор $ маблағ кӯмак ҷудо кард.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин кӯмак дар посух ба муроҷиати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ расонида мешавад.

  «Ҳукумати Озарбойҷон ба таҳкими равобити дӯстиву ҳамкории анъанавӣ миёни кишварҳо дар рӯҳияи муносиботи дӯстонаву шарикона манфиатдор аст», - афзуданд дар сафорати Озарбойҷон дар ҶТ.