Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Маблағи пардохт ҳаққи таҳсил дар як қатор макотиби олии ҶТ соли равон афзуда хоҳад шуд.

Чӣ тавре ки вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, пеш аз ҳама, ин болоравии арзиши таҳсил дар ҳаҷми 30 дарсад ба бахшҳои ҳуқуқшиносиву қисман иқтисодии макотиби олӣ дахл дошта, он то 1,8 ҳазор $ расидааст ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта ин рақам аз 1,2 ҳазор $ бештар набуд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби ягонаи болоравии арзиши таҳсил – беҳбуди заминаи моддиву техникӣ ва афзоиши музди меҳнати омӯзгорони макотиби олӣ мебошад. «Дар самти омӯзиши фанновариҳои ҷадиди муосир макотиби олии кишвари мо нисбат ба кишварҳои дигар хеле қафо мондаанд ва гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки танҳо дар ду мактаби олии мо (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон) тахтаи омӯзишии электронӣ мавҷуд аст», - гуфт ӯ.

А.Раҳмонов мегӯяд, аз ин рӯ, барои бо истифода аз фанновариҳои ҷадиду муосир ба беҳбуди заминаи моддиву технпкии макотиби олӣ ноил гардидан, арзиши таҳсил афзуда шудааст. «Маблағи пардохти арзиши таҳсил дар макотиби олии ҷумҳурӣ бар асоси санади миёни Вазорати маориф ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ баимзорасида танзим карда мешавад», - изҳор дошт вазир.

Мавсуф ҳамчунин гуфт, қисми зиёди аҳолӣ тавони пардохти чунин маблағи таҳсилро доро нест, вале ба ихтисосҳое, ки маблағи таҳсил дар онҳо зиёд карда шудааст, талабот хеле зиёд аст ва маҳз ба ин иллат, дар баъзе мавридҳо роҳбарони мактабҳои олӣ маҷбур мешаванд, ки аз меъёр зиёдтар ба ин ихтисосҳо донишҷӯ қабул намоянд. «Соли равон масъалаи аз меъёр зиёд қабул кардани донишҷӯён ба макотиби олиро вазорат ва хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳанд дод», - афзуд А.Раҳмонов.