Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар қароргоҳи беруназшаҳрии президенти ҶТ дар ноҳияи Варзоб бо иштироки президенти Латвия Валдис Затлерс ва нахуствазири Тоҷикистон оқил Оқилов ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Латвия доир гардид.

            Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш президенти Латвия чунин изҳор дошт: «Тоҷикистону Латвия имконоти назарраси ҳамокриро доро мебошанд ва ман мутмаинам, ки намояндагони тиҷорати Латвия ба бозори Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳанд сохт. Айни замон дар Латвия 13 корхонаи муштараки Тоҷикистону Латвия амал мекунад ва ман умедворам, ки ояндаи наздик шумори чунин корхонаҳо афзуда хоҳад шуд».

            Ба гуфтаи В.Затлерс, Латвия барои Тоҷикистон натанҳо шарики тиҷоратӣ, балки баҳри роҳандозии ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар тавассути транзити молу маҳсулот шарики боэътимоде хоҳад буд.

            Нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов зимни суханрониаш таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва мухобирот ҷалб сохт.

            Ёдрас мекунем, ки дар доираи сафари серӯзаи расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон 25 соҳибкору тоҷири латвиягӣ низ ба Душанбе ташриф оварда буданд.

            Субҳи имрӯз президенти Латвия ва ҳайати ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ карда ба ватан баргаштанд.