Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ мушкилоти мавҷудаи рушди соҳаи пахтакорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур иттилоъ доданд, гурӯҳи байниидоравии ҳукумати ҶТ таҳти раёсати муовини аввали раиси кумита Абдуҷаббор Рҳмонов оид ба масъалаи омӯзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи татбиқи Лоиҳаи рушди устувори соҳаи пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ ҷаласа доир сохт.

«Ба ҳайати гурӯҳ намояндагони кумита, вазоратҳои молияву кишоварзӣ шомил буда, он баҳри иҷрои қарордодҳои Протоколи машварати кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки 6 апрели соли ҷорӣ бо мақсади аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё маблағгузорӣ шудани ин лоиҳа доир гардида буд, таъсис дода шуд», - гуфт манбаъ.