Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ВАО» раиси Иттифоқи журналистон Акабаралӣ Сатторв чунин ибрози назар намуд, ки мушкилоти мубрами имрӯзаи журналистикаи тоҷик- сатҳи нокофии огаҳии ҳуқуқии рӯзноманигорони ҷавон аст.

            Мизи мудаввар аз ҷониби Маркази дастгирии ҳуқуқи журналистон дар назди Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ИЖТ созмон дода шуд.

            Ба ақидаи А.Сатторов, дар робита ба ин масъала мебояд бо ҷалби коршиносони соҳибтаҷриба чорабиниҳое доир сохт, ки ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҳуқуқии рӯзноманигорон мусоидат намоянд ва ИЖТ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки ин чорабиниҳо тарзи мустақим тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шаванд.

            Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Ҷунайд Ибодов чунин изҳори назар кард, ки мушкилоти мазкур натанҳо миёни рӯзноманигорон, балки дар байни оммаи васеъи аҳли ҷомеа низ ҷой дорад. «Чорабиниҳои баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҳукуқӣ миёни рӯзноманигорон айни замон муассиру заруранд ва зарур аст, ки онҳо на як бору ду бор, балки мунтазам доир карда шаванд», - гуфт ӯ.

            Дар кори мизи мудаввар намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ ва коршиносони масоили бахши ҳуқуқшиносӣ ширкат варзиданд.