Хуҷанд. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тайи чанд соли ахир бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд миёни навхонадорон қарордодҳои ақди никоҳ баста шуданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ доданд, яке аз чунин қарордодро навхонадорон бевосита зимни ақди никоҳ ва қарордоди дигарро ҳамсароне, ки як сол бо ҳам зиндагӣ мекунанд, ба имзо расонидаанд. «Оиаҳои мазкур аз қишри миёнаи аҳолии шаҳр буда, шурӯъ аз соли 1997 то имрӯз дар вилояти Суғд 4 чунин қарордоди ақди никоҳ баста шуд», -гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, чунин муносибат ба менталитети мардум вобаста буда, бастани шартнома барои навхонадорон ихтиёрӣ аст. «Шавҳарони оянда бар ин гумонанд, ки қарордод бештар манфиати занонро ҳимоят хоҳад кард, вале ин ақида нодуруст аст, зеро дар қарордоди ақди никоҳ манфиатҳои ҳарду ҷониб ба назар гирифта мешавад», -афзуд сарчашма.