Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Ҳиндустон баҳри кӯмаки башардӯстона ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 200 ҳазор $ маблағ ихтисос дод.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҳиндустон дар ҶТ иттилоъ доданд, маблағи мазкур ба суратҳисоби бо ин мақсад кушодаи ҳукумати ҶТ мустақиман гузаронида шуд.

  «Сафорати Ҳиндустон дар робита ба офатҳои табиии рухдода дар Тоҷикистон изҳор медорад, ки бо мардуми Тоҷикистон ҳамеша ҳамдилу ҳамрайъ аст», - афзуд манбаъ.